Март 27, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Аврупоиҳо гумон доранд, ки гиреҳи ташкилкардаи Трамп бо Иттиҳоди Аврупо ба дасти Байден боз мешавад
    Аврупоиҳо гумон доранд, ки гиреҳи ташкилкардаи Трамп бо Иттиҳоди Аврупо ба дасти Байден боз мешавад

Нишасти дурӯзаи Шӯрои Аврупо панҷшанбешаби 25 март дар ҳоле оғоз шуд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико бо ҳадафи бозсозии равобити фароатлантикӣ пас аз давраи пуртаниши Трамп дар он ширкат кард.

Байден, ки ба унвони меҳмони ифтихорӣ пас аз 11 сол дар нишасти сарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба раёсати Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо ширкат карда буд, бо ишора ба арзишҳои муштараки демократӣ ва бузургтарин мушорикати бозаргониву сармоягузории ҷаҳон, Иттиҳоди Аврупое нерӯмандро ба нафъи манофеи Амрико донист.

Вай ҳамчунин хостори ҳамкории танготанг дар заминаи чолишҳои муштараке монанди мубориза бо бемории Ковид -19, муқобила бо тағйироти иқлим, таъмиқи равобити иқтисодии дуҷониба шуд.

Байден дар айни ҳол тамоюли худро барои ҳамкорӣ бо Аврупо барои дастёбӣ ба манофеи муштараки сиёсати хориҷӣ дар ҳавзаи Чин ва Русия иброз ва лузуми таомулу ҳамкории Вашингтон ва Брюсселро дар бораи Туркия, Қафқози Ҷанӯбӣ, шарқи Аврупо ва ғарби Балкан ёдоварӣ кард.

Бо вуҷуди ин ки давлати Байден аз замони рӯйи кор омадан дар масири афзоиши ройзаниҳо ва таомулоти сиёсӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ бо Аврупо гом бардоштааст, аммо ба назар мерасад ҳанӯз мавонеи бузурге дар ин замина вуҷуд доштаву масири душворе барои эҳёи эътимоди мутақобил дар равобити фароатлантикӣ вуҷуд дорад.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе муддаӣ шуд, ки Иёлоти Муттаҳида аз мантиқи «Фақат Амрико»-и давраи Трамп фосила гирифтаву муттаҳидони худро маҷбур ба интихоби байн «ё мо ё онҳо» намекунад.

Бо ин ҳол он чӣ аз давраи зимомдории думоҳаи Байден мушаххас шудааст, ин аст, ки Амрико ҳамчунон бар мадори манофеъ ва аҳдофи худ ҳаракат мекунад ва тавваҷуҳи чандоне ба нақш ва аҳамияти Аврупо ва манофеи он надорад.

Мисдоқҳои зиёде дар ин замина вуҷуд дорад. Яке аз намунаҳои ошкори тазоди манофеъ байни Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба масъалаи хати лӯлаи гази “Норд Стрим -2” марбут мешавад, ки қарор аст гази Русияро аз тариқи дарёи Балтика ба Олмон интиқол диҳад.

Блинкен эъломи мухолифати қатъии Вашингтон бо ин тарҳи газӣ, аз ташдиди таҳрими пружаи “Норд Стрим -2” аз сӯйи Амрико хабар дод.

Дар муқобил Иттиҳоди Аврупо ва ба вижа Олмон аз рӯйкарди таҳримии Амрико дар қиболи пружаи “Норд Стрим -2” норозӣ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки Берлин умедвор буд давлати Байден рӯйкарди воқеъбинонатаре нисбат ба “Норд Стрим -2” дошта бошад.

Рӯйкарди давлати Байден дар бораи “Норд Стрим -2”, ки дақиқан мушобеҳи рӯйкарди давлати Трамп аст, нишондиҳандаи идомаи сиёсати зӯрмадоронаи Амрико ҳатто дар қиболи шарикони аврупоияш аст. Аврупоиҳо дарёфтаанд, ки Вашингтон дар ростои таъмини манофеъ ва амалӣ кардани хостаҳои зиёдаталабонаи худ на фақат алайҳи рақибон ва душманони Амрико, балки ҳатто дар бораи муттаҳидону шариконаш низ аз эъмоли таҳримҳои густарда ибое надорад.

Ба гуфтаи Фритс Фелгантреу (Fritz Felgentreu), намояндаи сотсиал -демократи олмонӣ, Амрико сиёсатҳои султагариро дар пеш гирифтааст.

Масъалаи дигаре ки нохушнудии аврупоиҳо аз давлати Байденро барангехта, бетаваҷҷуҳии Вашингтон ба дидгоҳи Брюссел дар бораи сиёсати Ғарб дар Афғонистон, аз ҷумла дар заминаи вазъияти ояндаи низомиёни НАТО дар Афғонистон ва низ пешбурди тарҳи сулҳи мадди назари давлати Байден бидуни назархоҳӣ аз Аврупо аст.

Дар воқеъ тасмими Амрико барои баргузории конфронси сулҳи Афғонистон дар Туркия, ки бидуни машварат бо Иттиҳоди Аврупо иттихоз шуда, аввалин нишонаест, ки Байден дар равобит бо Аврупо по ҷойи пойи давлати Трамп хоҳад гузошт.

Ин масоил нишон медиҳад, ки қатъи назар аз ин ки давлате демократ ё ҷумҳурихоҳ дар Амрико рӯйи кор бошад, аммо сиёсати Амрико дар қиболи бисёре аз мавзӯот яксон боқӣ монда ва аз ин рӯ умеди аврупоиҳо барои тағирот дар рӯйкарди аврупоии Вашингтон беасос аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп