Октябр 22, 2016 09:35 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Вуруди Ҳикматёр ба музокироти сулҳ бо дастури Покистон буд

Сухангӯи гурӯҳи Толибони Афғонистон гуфт, ки Ҳизби исломии Ҳикматёр ба дастури Покистон вориди музокироти сулҳ бо Ҳукумати Афғонистон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Мулло Маннон Ниёзӣ, муовин ва сухангӯи гурӯҳи Толибон ба имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр вокуниш нишон дода, аз сиёсати дугонаи Покистон дар қиболи гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон интиқод кардааст. Ӯ гуфтааст, Исломобод аз раванди сулҳи Афғонистон ба нафъи худ истифода мекунад. Ниёзӣ афзуд, иддаои ҳимояти Покистон аз сулҳ миёни ҳукумат ва Ҳизби исломӣ бепоя аст.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон таъкид кардааст, гурӯҳи Толибон ба далели машкук ва мубҳам будани ин тавофуқ, ҳамчунин ба далели дахил будани Покистон дар пушти пардаи гуфтугӯҳо аз тавофуқи сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳизби исломӣ ҳимоят намекунад. Ба таъкиди ӯ, гурӯҳи Толибон тарафдори сулҳе аст, ки кишварҳои бегона дар он дахолат надошта бошанд.

Ҳизби исломии Ҳикматёр ҳанӯз ба изҳороти Мулло Маннон Ниёзӣ вокунише нишон надодааст.