Апрел 06, 2021 08:56 Asia/Dushanbe
  • Русия ба қарори Эрон дар бораи музокироти мустақим бо Амрико дар нишасти Вена эҳтиром мегузорад
    Русия ба қарори Эрон дар бораи музокироти мустақим бо Амрико дар нишасти Вена эҳтиром мегузорад

Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз тасмими Эрон барои худдорӣ аз музокираи мустақим бо Амрико ҳимоят кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, муовини вазири умури хориҷаи Русия «Сергей Рябков»,  ки ба намояндагӣ аз Маскав дар нишасти маҷозии камиссияи муштараки Барҷом ширкат карда буд эълом кард: Ин кишвар ба тасмими Эрони мабнӣ бар худдорӣ аз музокираи мустақим бо Амрико дар нишасти навбатии ин камиссия эҳтиром мегузорад.

Пештар Рябков бо таъкид бар ғайриқобилии ҷойгузин будани Барҷом гуфта буд: Русия аз ҳамаи аъзои Барҷом мехоҳад то ҳаддиаксари талоши худро барои бозгашти ҳарчӣ сареътар ба чорчӯби аввалияи таъиншуда дар ин тавофуқи ҳастаӣ ба кор банданд.

«Михаил Улянов » намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ҳам рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутник бо интиқод аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Шӯрои Амнияти СММ дар пойтахти Австрия байни намояндагони Эрон ва Амрико музокироти мустақим баргузор нахоҳад шуд.   

Ҳаждаҳумин нишасти камиссияи муштараки Барҷом рӯзи ҷумъа ба сурати маҷозӣ бо ҳузури намояндагони Эрон ва 1 +и 4 баргузор шуд ва қарор аст ин гуфтугӯҳо рӯзи сешанбеи ин ҳафта ба сурати ҳузурӣ дар Вена идома ёбад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп