Коршикании Амрико барои хориҷ кардани низомиёнаш аз Афғонистон
Сухангӯи Кохи Сафед эълом кард: Раиси Ҷумҳурии Амрико хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон дар аввали моҳи майро душвор медонад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира мубошир, сухангӯи Кохи Сафед "Ҷин Сокӣ " дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон изҳор кард: Ҷо Байден ҳамчунон мӯътақид аст пойбандӣ ба хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар аввали моҳи май душвор хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Амрико ( Пентагон ) эълом кард, ки ҳамчунон хостори поёни ҷанг дар Афғонистон аз тариқи музокира ҳастем.
Бар асоси тавофуқе, ки феврали 2020 бо Толибон дар Дуҳа имзо шуд, хурӯҷи комили нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон то торихи аввали май пешбинӣ шудааст.
Байден пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки амал ба ин мӯҳлати таъиншуда душвор аст.
Ин дар ҳолест, ки Толибон низ эълом кардааст, Амрико масъули паёмадҳои ин тасмим хоҳад буд.
Бештар бихонед: