Ҳамсари маликаи Англия даргузашт
Шоҳзода Филипп, ҳамсари 99 солаи маликаи Англия ва машҳур ба Дик Единбург, пас аз чандин моҳ мубориза бо оризаи қалбӣ рӯзи ҷумъа даргузашт.
Ба гузориши ИРНА, Филипп ҳудуди чаҳор соли пеш ба далели куҳулати син аз вазоифи салтанатӣ ва ширкат дар фаъолиятҳои умумӣ канорагирӣ кард.
Ӯ як моҳ пеш низ таҳти амали ҷарроҳии қалб қарор гирифт.
Расонаҳои англисӣ бо ишора ба ин ки Филлипп бо вуҷуди куҳулати син дар сафарҳои мухталифи салтанатӣ маликаро ҳамроҳӣ мекард, мегӯянд, ки ӯ зиндагии лаззатбахшеро дар як қарни гузашта таҷриба кардааст.
Ҳосили издивоҷи 70 солаи Филипп ва маликаи Англия 4 фарзанд, 8 набера ва 10 абера аст.
Ҳоло гумоназаниҳо дар бораи канорагирии Элизабет аз тоҷу тахт бо марги Филип дубора афзоиш ёфтааст.
Рӯзномаи “Дейли Экспресс”-и Англия бо тарҳи ин эҳтимол ёдовар шуд, ки Элизабет пештар ба наздиконаш гуфта буд, дар сурате, ки то синни 95 солагӣ зинда бимонад, қудрати подшоҳиро ба писараш принс Чарлз эъто мекунад. Ӯ акнун 94 сол син дорад ва ду ҳафтаи дигар 95 сола мешавад.
Бештар бихонед: