Раҳбари Кореяи шимолӣ як вазири худро эъдом кард
Раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Ҷунг Ун вазири омӯзиши худро ба иттиҳоми норизоятӣ аз амалкарди вай эъдом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар пайи таҳқиқот дар бораи ин ки чаро Вазорати омӯзиши Кореяи шимолӣ пешрафти ризоятбахше надоштааст, Ким Ҷунг Ун ҳукми эъдоми вазири ин вазоратхонаро содир кард.
Рӯзномаи расмии Кореяи шимолӣ навишт: Гузоришҳо нишон медиҳад, ки ин вазоратхона ба қадри кофӣ ва сурати муносиб, қонуни омӯзиш аз роҳи дурро иҷро накардааст.
Инчунин кормандони вазоратхона таҳти мудирияти ин вазир аз мизони кори худ шикоят кардаанд.
Соли гузаштаи мелодӣ низ Ким Ҷунг Ун як генералро ба хурдани моҳиҳои гушхор дод ва гуфта мешавад, ки пас аз нишасти Ким Ҷунг Ун дар соли 2019 бо раиси ҷумҳурии собиқи Амрико Доналд Трамп 5 муовини Ун тирборон карда шуданд.
Бештар бихонед: