Улянов: Эрон то лағви таҳримҳо бо Амрико музокараи мустақим нахоҳад дошт
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ гуфт: то замоне, ки таҳримҳои барҷомӣ ва ғайри барҷомӣ аз сӯи Вашингтон лағв нашавад, ҳайати эронӣ музокироти мустақимро бо намояндаи Амрико нахоҳад пазируфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс; Михаил Улянов дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Порси тудеи русӣ дар ҷавоби ин савол, ки оё Амрико ҳозир аст ҳамаи таҳримҳоро якбора лағв кунад афзуд : феълан ин масъала равшан нест ва ояндаи наздик нишон хоҳад дод, ки амрикоиҳо дар бораи лағви таҳримҳои якбора ё гом ба гом чӣ тасмиме доранд.
Улянов изофа кард : чизе,ки мушаххас аст тарафи эронӣ хоҳони лағви якбораи ҳамаи таҳримҳост вале амрикоиҳо феълан танҳо ҳозир ба лағви таҳримҳои ғайри мунтабиқ бо барҷом ҳастанд.
Вай дар робита бо миёнҷигарии яке аз ширкаткунандагон дар нишасти барҷомӣ байни Эрон ва Амрико гуфт: аз он ҷое, ки эрониҳо ҳозир ба дидори рӯ дар рӯ бо амрикоиҳо нестанд, намояндаи идораи умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо нақши миёнҷӣ ва робити миёни тарафайнро бар ӯҳда гирифтааст .
Рӯзи ҷумъа дуввумин ҷаласаи ҳузурии ҳаждаҳумин нишасти камиссиюни муштараки Барҷом, ки аз рӯзи сешанбе дар Вена аз сар гирифта шуда буд баргузор шуд.
Вашингтон дар майи 2018 дар давраи раёсати ҷумҳӯрии "Доналд Трамп" ба сурати якҷониба ва ғайри қонунӣ аз Барҷом хориҷ шуд ва аз он пас илова бар бозгардондани таҳримҳои ҳастаӣ, таҳримҳои густардаеро низ алайҳи Теҳрон вазъ кард, аммо " Ҷо Бойден" раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико ба бозгардондани Иёлоти Муттаҳида ба ин тавофуқ иброз тамоюл кардааст.
Бештар бихонед: