Мухолифати ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо бозгардондани асирони арманистонӣ
(last modified Sun, 11 Apr 2021 04:34:50 GMT )
Апрел 11, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Байрамов : Озарбойҷон то кунун беш аз 70 асири ҷангиро ба Арманистон супорида аст
    Байрамов : Озарбойҷон то кунун беш аз 70 асири ҷангиро ба Арманистон супорида аст

Вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон эълом кард : Дигар ҳеч асире ба Арманистон бозгардонда нахоҳад шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ҷайҳун Байрамов рӯзи шанбе гуфт : Унвони асир ба боздоштшудагони торихи сулҳномаи сеҷониба дар 10 ноябри 2020 марбут мешавад ва боздоштшудагон пас аз ин сулҳнома террорист ҳастанд ва асир ба ҳисоб намеоянд.

  Вай афзуд : Низомиёни боқимонда дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон пас аз имзои тавофуқи оташбаси сеҷониба дар 26 ноябри 2020 дар минтақа дастгир шудаанд ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин афрод ташкил шудааст; бинобарин бо тавваҷуҳ ба поёни ҷанг ин афрод на асири ҷангӣ балки ҷинояткор ба шумор меоянд .

  Вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон ёдовар шуд : Ин кишвар то кунун беш аз 70 асири ҷангиро ба Арманистон таҳвил дода ва дар муқобил Арманистон низ 12 асири озарбойҷониро ба мо баргардонида аст .

    Рӯзи гузашта ҳавопаймое аз Арманистон барои интиқоли низомиёни худ вориди фурӯдгоҳи Боку шуда буд, аммо бидуни ин низомиён ба Ереван бозгашт.

 

  Бештар бихонед :