Мақомоти амрикоӣ: дахолате дар ҳодисаи Натанз надоштаем
Рӯзномаи Вашингтон пост ба нақл аз як мақоми давлати Ҷо Байден ва бидуни зикри номи вай эълом кард, ки Амрико дахолате дар ҳодисаи Натанз надоштааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзнома Вашингтон Пост , ин мақоми амрикоӣ изофа кард: мо ахбори марбут ба ҳодиса дар таъсисоти ғанӣсозӣ Натанзро мушоҳида кардаем, аммо Амрико ҳеч мудохилае дар ин ҳодиса надоштааст ва мо чизе барои изофа кардан ба гумонзаниҳо дар бораи илали вуқуъи ин ҳодиса надорем.
Ню-Йорк таймс низ имрӯз дар гузорише дар бораи ҳодисаи Натанз, ба ҳамзамонии ин ҳодиса бо музокироти Барҷомӣ дар Вена ишора кард ва навишт ин мавзӯ шак ва тардидҳоро дар мавриди бархе тавтеаҳо барои таҳти таъсир қарор додани сарнавишти дипломатии ҳастаӣ дучандон кардааст.
Ню-Йорк таймс навишт: ҳодисаи Натанз ҳамзамон бо он рух медиҳад, ки талошҳои дипломатӣ барои фаъолсозии тавофуқи Барҷом дар ҷараён аст .
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф низ имрӯз бо ишора ба тавтеаи саҳюнистҳо барои интиқом гирифтан аз муваффақиятҳо дар масири лағви таҳримҳои золимона алайҳи Эрон гуфт: саҳюнистҳо мехоҳанд интиқоми муваффақиятҳо дар масири лағви таҳримҳои золимонаро аз мардуми Эрон бигиранд, вале мо иҷоза нахоҳем дод ва саҳюнистҳо посухи худро дар пешрафтҳои бештари ҳастаии Эрон хоҳанд гирифт.
Рӯзи якшанбе дар таъсисоти ғанисозии Натанз дар Эрон ҳодисаи харобкоронае рӯй дод ва шуморе аз сентрафугаҳои ин таъсисот осеб дид.
Бештар бихонед:
- Вокуниши Зариф ба ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон
-
Ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон ва зарурати мубориза бо терроризми ҳастаӣ