Ҳимояти Алиев аз беҳбуди қиматҳои нафт
(last modified 2016-10-23T09:16:45+00:00 )
Октябр 23, 2016 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Алиев аз беҳбуди қиматҳои нафт

Раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт, кишварҳои ғайри узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бояд барои кумак ба афзоиши баҳои нафт, ҳамкорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Илҳом Алиев-раисиҷумҳури Озарбойҷон, рӯзи шанбе пас аз нишаст бо Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла дар Боку афзуд, муътақидем кишварҳои ғайри узви ОПЕК ҳам барои беҳбуди қиматҳои нафт, бояд содиқона ҳамкорӣ кунанд, то тасмимоти саҳиҳ барои беҳбуди қиматҳо гирифта шавад.

Вай ҳамчунин афзуд, агар созу кори қотеъ барои назорат бар иҷрои тасмимоти ОПЕК иттихоз шавад, қиматҳои нафт низ ба сатҳи лозим афзоиш хоҳад ёфт.

Николас Мадуро-раисиҷумҳури Венесуэла, рӯзи ҷумъа сафари давраии чаҳоррӯза ба Арабистон, Эрон, Қатар ва ҷумҳурии Озарбойҷонро оғоз кард. Сафари давраии раисиҷумҳурии Венесуэла ба минтақа, як моҳ қабл аз баргузории нишасти аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК ) дар Вена сурат мегирад.