Нигаронии се кишвари аврупоӣ аз ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон
(last modified Wed, 14 Apr 2021 14:36:30 GMT )
Апрел 14, 2021 19:36 Asia/Dushanbe
  • Англия, Фаронса ва Олмон иддао кардаанд, ки Эрон ҳеч ниёзи ғайринизомии муътабаре ба ғанисозӣ дар ин сатҳ надорад
    Англия, Фаронса ва Олмон иддао кардаанд, ки Эрон ҳеч ниёзи ғайринизомии муътабаре ба ғанисозӣ дар ин сатҳ надорад

Англия, Фаронса ва Олмон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи иқдомҳои ахири Эрон дар заминаи ғанисозии 60 дарсадии уран ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, кишварҳои узви тройкаи Аврупо дар баёнияи муштараке афзуданд: Давлатҳои Фаронса, Олмон ва Англия (EU3) аз тасмими Эрон барои оғози ғанисозии уран то сатҳи 60 дарсад бо сонтрифужҳои пешрафта бар асоси иттилоияи ин кишвар ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, бо нигаронии амиқ огоҳӣ ёфтаанд.

Ин се кишвари аврупоӣ дар ин баёния таъкид кардаанд, ки ин таҳаввул бо тавваҷуҳ ба ин ки тавлиди уран бо ғанои боло гоми муҳиме дар масири тавлиди силоҳи ҳастаӣ ба шумор меравад, хатир ва ҷиддӣ аст.

Англия, Фаронса ва Олмон иддао кардаанд, ки Эрон ҳеч ниёзи ғайринизомии муътабаре ба ғанисозӣ дар ин сатҳ надорад.

Пештар сухангӯи Созмони энержии атомӣ бо ишора ба номаи Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои оғози ғанисозии 60 дарсадӣ гуфт: Муқаддамоти иҷроии ин иқдом сездаҳуми апрел дар муҷтамаи ғанисозии шаҳид Аҳмадии Равшани Натанз оғоз мешавад.

Ба гуфтаи Беҳрӯзи Камолвандӣ, урани ғанишудаи 60 дарсадӣ дар тавлиди унсури молибден ва сохти анвои радиодорӯҳо истифода мешавад.

 

Бештар бихонед: