Сарвазири Арманистон саранҷом ба истеъфо додан розӣ шуд
(last modified Thu, 15 Apr 2021 05:31:26 GMT )
Апрел 15, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз арманиҳо Никол Пашинянро дар шикасти кишварашон дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор мекунанд
    Бисёре аз арманиҳо Никол Пашинянро дар шикасти кишварашон дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор мекунанд

Сарвазири арманистон бо ҳадаф баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом дар ин кишвар ба зудӣ аз симмати худ истеъфо хоҳад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон,Никол Пашинян аз истеъфои худ дар охирҳои моҳи апрел хабар дод.

Бисёре аз мардуми Арманистон баъд аз тавофуқи сулҳи Қарабоғ, Пашинянро масъули шикасти Арманистон дар ҷанги ахир бо Ҷумҳурии Озарбойҷон медонистанд ва бо баргузории тазоҳуроти густарда хостори истеъфои ӯ аз мақоми нахуствазирӣ буданд, аммо Пашинян ба  истеъфо додан розӣ набуд. 

Даргириҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки аз 27 сентябри 2020 дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуда буд, 10 ноябри 2020 бо имзоии тавофуқномаи сулҳ миёни Раиси Ҷумурии Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва Раиси Ҷумҳурии Русия поён ёфт. 

Дар натиҷа ин ҷанги 44 рӯза Арманистони назорати чанд шаҳри минтақаи Қарабоғро аз даст дод.

 

Бештар бихонед: