Апрел 15, 2021 12:50 Asia/Dushanbe
  • Тасдиқи қонуни нав дар бораи тарбияти исломӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Тасдиқи қонуни нав дар бораи тарбияти исломӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Маҷлиси ҷумҳурии Озарбойҷон қонуни нави озодии эътиқодоти диниро тасдиқ кард, ки коршиносон онро дар чорчӯби маҳдудтар кардани тарбияти динӣ арзёбӣ мекунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии ҳақоиқи Қафқоз, дар ин қонун омадааст: «Тарбияти динии кӯдакон набояд бар саломати ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо таъсир бигузорад. » 

Ҳамчунин қонуни нав таъкид мекунад: «Ба истиснои мавориди дар назар гирифташуда дар ин қонун, омӯзишҳои исломӣ дар замони ибодатҳои дастаҷамъӣ ва оинҳо ва маросими диниро фақат ходимони динии муайяншуда бар асоси муқаррароти марбута метавонанд анҷом диҳанд.» 

 Ба ин тартиб мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон иҷоза нахоҳанд дошт таълимоти диниро ҷуз аз ашхоси муайяне дарёфт кунанд.

Бар асоси ин қонун таблиғи ифротгароии динӣ ва ҳамчунин истифода аз тафовутҳо миёни адён бо аҳдофи сиёсӣ мамнӯъ аст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп