Апрел 15, 2021 18:04 Asia/Dushanbe
  • Мудири Созмони иттилооти марказии Амрико гуфт: Хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба маънои як хатари қобили тавваҷуҳ барои мост
    Мудири Созмони иттилооти марказии Амрико гуфт: Хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба маънои як хатари қобили тавваҷуҳ барои мост

Мудири Созмони иттилооти марказии Амрико ( CIA ) дар вокуниш ба тасмим барои хурӯҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон онро риски бузург хонд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Уэлиям Борнз дар баёнияе бо ишора ба тасмими Ҷо Байден - раиси ҷумҳӯри Амрико  барои хурӯҷи нерӯҳои Амрико  аз Афғонистон  гуфт : Бо хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон тавоноии Амрико барои муқобила бо таҳдидҳо ба шакли эҳсосшавандае коҳиш хоҳад ёфт .

  Мудири Созмони иттилооти марказии Амрико афзуд: Хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба маънои як хатари қобили тавваҷуҳ барои мост .

  Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард ,ки нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд ва гуфт : Замони поёни тӯлонитарин ҷанге, ки Амрико даргири он буда фаро расидааст .

Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи ҷанг алайҳи тероризм ба Афғонистон ҳамла ва режими Толибонро сарнагун кард . Бо ин ҳол дар 20 соли гузашта бо қудрат гирифтани дубораи Толибон ва тавофуқи сулҳе, ки давлати Трамп бо он дар Давҳа имзо кард, акнун Байден ба ночор ва бидуни касби ҳеч дастоварде ба ин ишғолгарӣ, ки бо нокомии ба маротиб бадтар аз ҷанги Ветнам ҳамроҳ буд, поён медиҳад .

    Ҷанги Афғонистон барои Амрико 2 триллиону 400 миллиард доллар хароҷот дар бар доштааст .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп