Маскав таҳримҳоеро алайҳи Амрико эъмол кард
Вазири хориҷаи Русия эълом кард, ки ин кишвар 10 дипломати амрикоиро ихроҷ ва 8 нафар аз масъулони ин кишварро таҳрим мекунад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сергей Лавров эълом кард, ки Русия дар посух ба таҳримҳо ва иқдомоти танишзои ахири Амрико, 10 нафар аз дипломатҳои амрикоиро ихроҷ ва 8 нафар аз масъулони ин кишварро таҳрим мекунад.
Вазири хориҷаи Русия афзуд: Кремлин аз сафири Амрико хостааст, то Маскавро барои машварат бо давлати худ тарк кунад.
Вай дар поён таъкид кард: Ҳамчунон ҷанбаҳои мухталифи имкони баргузории дидори Путин ва Байденро баррасӣ мекунем ва ин тарҳро мусбат медонем.
Давлати Амрико панҷшанбе таҳримҳои ҷадидеро алайҳи 32 фарду ниҳоди русӣ бо иддаои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва ҳамлаи сайберӣ алайҳи ин кишвар эъмол кард, ки аз 14 июни 2021 иҷроӣ мешаванд.
Ин таҳримҳо 6 ширкати русии фаъол дар заминаи фанновариро низ дар бар мегирад.
Бештар бихонед: