Сӯиистфодаи Амрико аз оташбаси серӯзаи Яман
Як пойгоҳи хабарии амрикоӣ навишт, Амрико аз оташбаси серӯза дар Яман барои таслеҳи муҷаддади саудиҳо истифода кард.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи вебсайти амрикоии "APD news", Ҷозеф Клифорд, таҳлилгар ва фаъоли зиддиҷангӣ дар Амрико бо ишора ба оташбаси серӯзаи ахири эъломӣ дар Яман ва фишорҳои Вашингтон барои иҷрои он гуфт, Амрико аз оташбас дар Яман барои таслеҳи муҷаддади саудиҳо истифода кард, зеро бомбаҳо ва таслеҳоти ин режим ба итмом расида буд.
Фаъоли зиддиҷангии амрикоӣ гуфт, режими саудии саркӯбгар ва ҳомии террористҳо дар ҳоли таҷовузгарӣ ва ҳамла ба Ямане аст, ки яке аз фақиртарин кишварҳо аст.
Клифорд гуфт, амрикоиҳо ва саудиҳо ҳама чизро дар Яман бо бомбаҳояшон аз байн бурдаанд ва монеъ аз ирсоли кӯмакҳои байналмилалӣ мисли маводи ғизоӣ ва таҷиҳзоти пизишкӣ шудаанд, ки дар натиҷа сабаби марги даҳҳо ҳазор кӯдаки зери 5 соли яманӣ шудааст.
Ин пойгоҳи амрикоии зиддиҷанг ҳамчунин зимни радди иддаоҳо дар бораи ҳамла ба нови амрикоии " Mason", дар савоҳили Яман, дар матлабе бо унвони "Иштироки ҷанги Ветнам ва Яман" навишт, Амрико дар даҳаи 60-и мелодӣ низ ба думболи ин иддао, ки мушакҳои Ветнами шимолӣ ба ҷангандаҳои амрикоӣ дар халиҷи Тонкин ҳамла карда ва киштии амрикоиро ҳадаф қарор доданд, вориди ҷанги Ветнам шуд.