Иддаои пизишки мухолифи давлати Русия: Ҳоли Навалний вазнин аст
Анастасия Василова, раҳбари созмони русии "Эътилофи Духтурони Русия", аз созмонҳои муолифи давлати Русия, ки худро табиби Алексей Навалний (мунаққиди асосии Путин) меномад, гуфт, ки вазъи умумии Навалний вазнин аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Василева рӯзи сешанбе дар Твиттӣ бо ишора ба натоиҷи озмоиши хуни Навалний навишт: Бо ин вазъи хуни Навалний, вай ҳар лаҳза мумкин аст исти қалбӣ кунад.
Вай муддаӣ шуд, ки тасфияи хуни Навалний дучори мушкил шудааст ва ин масъала боиси ихтилол дар зарабони қалб мешавад.
Созмони иҷроии аҳкоми қазоии федерол дар устони Владимири Русияи рӯзи душанбе эълом кард, ки « Алексей Навалний» мунтақиди давлати Русия, ки аз авосити моҳи март дар зиндон басар мебарад ба бахши бемористони маҳкумон дар ин минтақа мунтақил шудааст.
Дар поёни моҳи март, вакилони Навални аз дарди шадиди камар ва мушкилоти ҷиддӣ дар пои рости Навалний хабар доданд.
Вай дар ин айём эътисоби ғизо карда ва иҷозаи мулоқот бо пизишкони ғайринизомиро хостор шуда буд.
Ҳамзамон пизишкони Маскав 16 апрел номае саргушода дар мавриди вазъи буҳронии Алексей Навалний мунташир карданд.
Навалний яке аз аслитарин мунтақидони Путин ва аз довталабони номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2018 Русия буд, ки ба далели маҳкумияти қаблӣ аз номзадӣ дар интихобот манъ шуд.
Бештар бихонед: