Апрел 21, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Маъмури полиси Миннеаполис дар қатли Ҷорҷ Флойд гунаҳгор дониста шуд
    Маъмури полиси Миннеаполис дар қатли Ҷорҷ Флойд гунаҳгор дониста шуд

Ҳакамони додгоҳ афсари полиси Миннеаполиси Амрикоро дар қатли Ҷорҷ Флойд гунаҳгор донистанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерс, ҳайати ҳакамони додгоҳи шаҳри Минеаполис дар иёлоти Минисотаи Амрико,  Дерек Шовин Derek  Chauvin  маъмури собиқи полисро дар парвандаи қатли Ҷорҷ  Флойд  гуноҳкор шинохт.

Ҳайати ҳакамони 12 нафара пас аз се ҳафтаи додгоҳ ва шаҳодат додани 45 нафар аз шоҳидони ҳозир дар саҳнаи дастгирии Ҷорҷ Флойд, мақомоти полис ва коршиносони пизишкӣ, Дерек Шовини 45-соларо дар се иттиҳоми қатли дараҷаи ду ва дараҷаи се гуноҳкор донист. 

Интишори видео аз чигунагии боздошти Ҷорҷ Флойд дар рӯзи 25 моҳи май 2020 боиси тазоҳуроти густарда ва бесобиқа дар даҳаҳои ахир дар саросари Амрико шуд. 

Пеш аз эълони ҳукми ҳайати ҳакамон садҳо нафар дар назди бинои додгоҳ ҷамъ омада буданд ва онҳо ҳангоми эълони ҳукм дар кӯчаҳо хурсандӣ мекарданд. 

Дерек Шовин пас аз эъломи ҳукми ҳайати ҳакамон равонаи зиндон шуд. 

Раиси Ҷумҳури Амрико Ҷо Байден соате пас аз эъломи ҳукми ҳайати ҳакамон гуфт: «нажодпарастӣ сохторӣ рӯҳи Амрикоро олуда кардааст.» 

Вай ҳукми ҳакамони дар маҳкумияти маъмури собиқи полиси Минеаполисро «гоме бузург » дар чорчӯби мубориза бо « нажодпарастии систематӣ » хонд, аммо бо ин ҳол таъкид кард, ки ин « кофӣ нест.»

 

Бештар бихонед:

Барчасп