Путин: ба иқдомоти таҳрикомези Ғарб кубанда посух медиҳем
Раисиҷумҳури Русия дар суханронии солонаи худ ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, посухи Маскав ба иқдомоти таҳрикомези онҳо сареъ ва кубанда хоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар суханронии солонаи худ дар муқобили намояндагони маҷолиси Шӯрои федератсия ва Думаи ин кишвар зимни ҳушдор ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи иқдомоти зиддирусии онҳо афзуд, Маскав умедвор аст, ки ҳеч кишваре аз хутути қирмизи Русия убур накунад.
Дар рӯзҳои гузашта Амрико ва муттаҳидонаи иқдомоте таҳрикомезро ба баҳонаи ҳимоят аз Украина дар дастури кор қарор додаанд.
Ҳамчунин ба рағми ҳушдорҳои Маскав ба Вашингтон дар хусуси вазъи ҳар гуна таҳрими ҷадид, давлати Амрико ахиран таҳримҳои ҷадидеро алайҳи 32 фард ва ниҳоди Русия бо иддаои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳамлаи сайберӣ алайҳи ин кишвар эъмол кардааст.
Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2014 токунун маҷмуае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зиддирусиро вазъ кардаанд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.
Бештар бихонед:
- Ташдиди танишҳои сиёсӣ миёни Русия, Украин ва муттаҳидони ғарбии он
- Пешниҳоди Байден ба Путин дар тамоси телефонӣ
- Амрико пешниҳоди Путинро барои музокираи маҷозӣ бо Байден рад кард