Апрел 19, 2023 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба Амрико дар хусӯси

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, ки ба Линн Трейси, сафири Амрико дар хусӯси талошҳо барои эҷоди ихтилоф дар Русия ҳушдор дода ва эълом карда, ин иқдомотро хунсо хоҳад кард.

Владимир Кара-Мурза, аз чеҳраҳои ғарбгаро ва мухолифи давлати Русия, рӯзи душанбе ба далели хиёнат тавассути додгоҳе дар Маскав ба 25 соли зиндон маҳкӯм шуд.

Амрико, Британия ва Канада рӯзи душанбе дар иқдоме мудохилаҷӯёна, ин раъйро маҳкӯм карданд ва ҳамчунин хостори озодии Иван Гершкович, хабарнигори амрикоии муттаҳам ба ҷосӯсӣ дар Русия шуданд.

Гершкович, шаҳрванди амрикоӣ, ки дар дафтари рӯзномаи The Wall Street Journal дар Маскав машғӯл ба кор буд, ба иттиҳоми ҷосӯсӣ боздошт шудааст.

Маскав, сафири Амрикоро ба далели изҳори назари Вашингтон дар бораи маҳкӯмияти Кара-Мурза ба вазорати хориҷа фарохонд.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст: Ба сафири Амрико таъкид шуд бо ҳар иқдоме, ки тарафи амрикоӣ бо ҳадафи эҷоди ихтилофу душманӣ дар ҷомеаи Русия анҷом диҳад ва ҳамчунин бо истифода аз сафорати Амрико барои сарпӯш гузоштан бар корҳои харобкорона, ба шиддат муқобила хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп