Апрел 22, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти ҳиҷоб дар ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи шарифи Рамазон барои диндорон мушкил шудааст
    Мамнуияти ҳиҷоб дар ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи шарифи Рамазон барои диндорон мушкил шудааст

Мавзӯи мамнуияти ҳиҷоб дар ҷумҳурии Озарбойҷон он ҳам дар моҳи мубораки Рамазон ба муъзале барои муъминин ва диндорони танҳо кишвари мусулмон дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ табдил шудааст.

Дар ҳамин иртибот, Ҳоҷ Илқор Иброҳим Ӯғлу, раиси Ҷамъияти динии “Ҷумъа”-и ҷумҳурии Озарбойҷон дар барномаи зиндаи тасвирии "Мусовот Тв" бо ишора ба маҳдӯдият барои ҳиҷоб дар ин кишвари мусулмон, гуфт: “бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, гӯйи ҳамасолаи раги исломҳаросии бархеҳо мегирад”.

Ҳоҷӣ Илқор Иброҳим Ӯғлу, ки аз ҷумлаи афроди фаъол дар арсаҳои динӣва сиёсии ҷумҳури Озарбойҷон аст ахиран" хостори бозгушои масоҷиди ин кишвари мусулмон дар моҳи мубораки Рамазон шуда буд.

Бояд гуфт, мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон соли ҷорӣ дар шароити ба истиқбол моҳи мубораки Рамазон рафтаанд, ки масоҷиди ин кишвар ҳамчунон таътил ва фишорҳо алайҳи ақшори диндор ва муъмини ҷумҳурии Озарбойҷон монанди солҳои гузашта эҳсос мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз мушорикати фаъоли нерӯҳои довталаби мардум дар ҷанги дувуми Қарабоғ ва пирӯзии қатъии ҷумҳурии Озарбойҷон бар Арманистон дар ҷанги 44 рӯза, ки пас аз наздик ба се даҳа ба натиҷа расид, интизори муъминини озарӣ бар бозгушоии масоҷид ва озодии таблиғоти дини Ислом мутамарказ шуда буд. Аммо ин интизори ақшори диндори ҷумҳурии Озарбойҷон токунӯн муҳаққақ нашудааст.

Дар ҳамин иртибот, Сергей Маркус, коршиноси рус бо баёни инки ҷумҳурии Озарбойҷон кишвари исломӣ аст, гуфт: " манъи ҳиҷоб дар ин кишвар комилан ғайримантиқӣ аст ва вазъияти бадтар аз онро наметавон тасаввур кард".

Ин коршиноси рус дар нишаст бо хабарнигорон дар Боку ҳамчунин тасреҳ кард: " иҷрои сиёсати мамнӯияти ҳиҷоб аз тарафи давлати Боку боиси аз байн рафтани ваҳдати умумӣ ва сунатҳои дерина дар ҷумҳурии Озарбойҷон мешавад. Дар ҳоле, ки ҳатто дар Русия низ шоҳиди чунин рафтори зидди динӣ нестем ва дар ин кишвари паҳновар ҳамкорӣ миёни ҷомеаи исломӣ ва масиҳён ҷараён дорад".

Ба ҳар ҳол, муҳаққақ нашудани хостаҳои машрӯъи мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон дар шароите аст, ки ин иқдом бо қонӯни асосии ин кишвар низ муғойирати ошкор дорад. Дар ҳақиқат, дар ҷумҳурии Озарбойҷон қонӯне мабни бар маҳдӯдияти ҳиҷоб вуҷӯд надорад. Бар асоси қонуни асосии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон низ, ҳайати ҳокимаи ин кишвар муваззаф аст, эътиқодоти динӣ ва мазҳабии мардуми мусулмони ин кишварро таъмину тазмин намояд.

Дар воқеъ, дар кишвари мусулмоне назири ҷумҳурии Озарбойҷон мамнуияти ҳиҷоб бемаъне ва ғайримумкин аст. Зеро бархӯрдори аз ҳиҷоб, ҷузъи ҷудонашавандаи дин ва ақида ва боварҳои мардуми мусулмон аст. Зимни он ки бар асоси қонуни асосии ҷумҳурии Озарбойҷон мардуми ин кишвар дорои ҳаққи озодии ақида ва раъй ҳастанд ва давлати ҳоким муваззаф ба таъмину муҳаққақи сохтани хостаи аксарияти мардуми мусулмони ҷумҳури Озарбойҷон аст.

Бо вуҷӯди ин қонуни мутараққӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон, чунин баназар мерасад ки давлати Илҳоми Алиев, раисиҷумҳурии Озарбойҷон бо тақлид аз бархе кишварҳои бегона, ба мамнуияти ҳиҷоб тарғиб шудааст.

Гуфта мешавад, давлати Илҳом Алиев бо фишори режими саҳюнистӣ, маҳдӯдиятҳои зиёде барои мусулмонони озарӣ эъмол кардааст. Ба унвони мисол аз рӯзи 17 моҳи ноябри соли 2010, пӯшиши ҳиҷоб дар мадориси мутавассита бо судӯри як бахшномаи вазири вақти омӯзиш ва таҳсили ҷумҳурии Озарбойҷон мамнӯъ шуд. Ин мамнуияти ҳиҷоб ба дигар ниҳодҳои давлатӣ ва омӯзишии ҷумҳурии Озарбойҷон таъсир расонд ва ба таври ғайрирасмӣ дар саросари ин кишвари мусулмон эъмол шудааст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз мамнуити ҳиҷоб дар ҷумҳурии Озарбойҷон бояд гуфт, беш аз 98 дарсад аз мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон мусулмон ҳастанд. Бо вуҷӯди ин, давлати Илҳом Алиев ҳамвора муғойир бо хостаҳои мардуми мусулмони кишвараш ҳаракат кардааст. Аз ҷумла ин ки раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамкори бо тарафҳое аз худ тамоюл нишон дода, ки мардуми кишвар борҳо нафрати худро аз онҳо иброз доштаанд. Режими нажодпарасти Исроил, аз ҷумлаи тарафҳои мавриди муомилаи давлати Боку ба раҳбарии шахси Илҳом Алиев аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп