Гузориши вижа: Даъватҳои мутақобили Путин ва Зеленский аз якдигар барои мулоқот
https://parstoday.ir/tg/news/world-i65946-Гузориши_вижа_Даъватҳои_мутақобили_Путин_ва_Зеленский_аз_якдигар_барои_мулоқот
Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир путин дар вокуниш ба даъвати Раиси Ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский барои дидор дар минтақаи мавриди муноқиша Донбасс дар шарқи Украина, вайро ба Маскав даъват кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 25, 2021 20:27 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир путин дар вокуниш ба даъвати Раиси Ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский барои дидор дар минтақаи мавриди муноқиша Донбасс дар шарқи Украина, вайро ба Маскав даъват кард.

Путин гуфт: Агар "Зеленский" мехоҳад равобити Русияро эҳё кунад, омодаам дар ҳар фурсати муносиб бо ӯ дар Маскав дидор кунам.

 Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Раиси ҷумҳурии Украина аз Путин даъват кард то барои гуфтугӯи мустақим дар бораи сулҳ ба шарқи Украина биравад.

Ҳамкорамон Бурҳонӣ дар гузориши вижа ба ин мавзӯ пардохтааст. ки дар идома мешунавед: