Оскари 2021 : Энтони Хопкинс-беҳтарин бозигари нақши аввали мард
-
Энтони Хопкинси 83 сола дувумин Оскари худро барои бозӣ дар филми “Падар” дарёфт крд
Бозии Хопкинс дар филми « Падар », дувумин Оскарро барои ӯ ба армуғон овард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ، Энтони Хопкинси 83 сола тавонист дувумин ҷоизаи Оскари худро барои бозӣ дар филми “Падар” ба даст оварад .
Ӯ дар ин филм нақши пирамардеро бозӣ мекунад, ки ба бемории заволи ақл гирифтор шуда, аммо бо ин вуҷуд аз дарёфти кумак аз духтару атрофиёнаш сар боз мезанад; то ҷое ки кам-кам аз дарки тафовут миёни воқеъияту тахайюл нотавон мешавад .
Хопкинс ба солхурдатарин бозигаре табдил шуд, ки то кунун ҷоизаи Оскарро дарёфт кардааст .
Энтони Хопкинси британияӣ дар 6 даҳаи ахир дар филмҳо ва сериалҳои бисёре нақш бозӣ кардааст, аммо бозӣ дар филми « Сукути барраҳо » дар нақши доктор Ганнибал Лектер дар соли 1991 шӯҳрати бисёре барои ӯ овард .
Ӯ дар филми Сукути барраҳо, ки нахустин ҷоизаи Оскарро барояш ба ҳамроҳ дошт, нақши як қотили занҷираиро бозӣ мекард .
Дар Оскари 2021 филми Сарзамини овораҳо ( Nomadland ) ҷоизаи беҳтарин филм ва Франсеси Мак Дорманд ( Francesи McDormand ) бозигари ин филм низ ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши аввали занро ба даст оварданд .
Бештар бихонед :