Занбурӯғ хатари саратонро коҳиш медиҳад
Як мутолиаи на нишон медиҳад, ки хурдани фақат як занбуруғ дар рӯз метавонад хатари саратонро тақрибан ба нисф коҳиш диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Муҳаққиқони институти саратони Пенн дар Пенсилванияи Амрико дарёфтанд, ки хӯрдани рӯзона 18 грамм занбурӯғ муодили як занбурӯғи дугмаии миёнаи хатари ибтило ба саратон, ба вижаи саратони пистонро 45 дарсад коҳиш медиҳад.
Ин гурӯҳи илмӣ 17 мутолиаи саратонро аз соли 1966 то 2020 ки шомили иттилооти беш аз 19 ҳазору 500 бемори саратонист таҷзия ва таҳлил карданд ва дарёфтанд, ки афроде ки ҳар навъи занбурӯғро дар режими рӯзонаи худ ворид мекунанд, хатари ибтило ба саратонро коҳиш медиҳанд.
Занбурӯғ манбаи фавқулоддае аз протеин ва витаминҳост ва ҳамчунин ҳовии навъе антиоксидони зидди илтиҳоб аст, ки бадани инсон наметавонад ин моддаро тавлид кунад.
Бештар бихонед: