Апрел 30, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Путин омода аст барои поён додан барои муноқишаи марзии ин ду кишвар васотат кунад
    Путин омода аст барои поён додан барои муноқишаи марзии ин ду кишвар васотат кунад

Раиси Ҷумҳурии Русия омодагии худро барои миёнаравӣ дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Риа Новости, дар пайи даргириҳои марзии рӯзи 29 апрел  миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки шумори зиёде кушта ва захмӣ барҷой гузошт, дафтари раёсати ҷумҳурии Русия аз омодагии Владимир Путин барои миёнаравӣ дар ин муноқиша хабар дод. 

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия Дмитрий Песков  гуфтааст, ки ба далели узвияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Путин омодааст барои поён додан ба муноқишоти марзии ин ду кишвари ҳамсоя  ҳамкорӣ ва васотат кунад. 

Русия ҳамчунин аз имзои  тавофуқи оташбас  миёни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол карда ва тарафҳоро ба музокирот барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ фаро хондааст. 

Бар асоси охирин оморҳо муовини вазири тандурустии Қирғизистон  Ҷалолиддин Раҳматуллоев эълом кард, ки дар даргирии рӯзи гузашта  низомиёни Тоҷикистон ва Қирғизистон  15 табааи ин кишвар  кушта ва 134 нафар захмӣ шудаанд. 

Манобеи мустақил дар Тоҷикистон  кушташудагонро 10 нафар ва маҷрӯҳонро беш аз 90  нафар эълом кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп