Захарова: Ғарб ба дунболи маҳори Русия аст
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия, ғарбро ба маҳори барномарезишудаи ин кишвар муттаҳам кард.
Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо канали Ютюби Спутник гуфт: “Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли иҷрои як барномаи иттилоотии аз пеш тарроҳишуда барои маҳори Русия ҳастанд”.
Захарова бо баёни инки Русия дар солҳои ахир борҳо дар хусуси ҳалли мушкилот ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо пешниҳодоте додааст, афзуд: Токунун ҳамаи талошҳои Маскав барои гуфтугу ва таомули созанда аз сӯи Иттиҳоди Аврупо масдуд шудааст”.
Вай ба иқдоми ахири Маскав дар таҳрими ҳашт мақоми Иттиҳоди Аврупо низ ишора кард ва гуфт: Ин тасмим вокунише табиӣ ба иқдомоти комилан ғайридӯстона ва хасмонаи аврупоиҳост.
Бештар бихонед: