Зинда шудани зани ҳиндӣ лаҳазоте қабл аз сӯзонда шудан!
Зани ҳиндӣ, ки хонаводааш омодаи сӯзондани ҷасади ӯ буданд, лаҳазоте қабл аз сӯзондан ногаҳон зинда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як зани 72 солаи ҳиндӣ, ки маргаш дар бемористон мавриди тайиди пизишкон қарор гирифта буд, лаҳазоте қабл аз сӯзонда шудан зинда шуд.
Лаксмӣ Бой, ки дар масири интиқол ба бемористон ҷонашро аз даст дода буд, маргаш аз сӯии пизишкони тайид ва ҷанозаи вай барои сӯзонда шудан ба маҳалли вижаи сӯзондани аҷсод мунтақил шуд.
Бо ин ҳол ба далели онки ҳануз бадани ин зани солхурда гарм буд, наверааш тасмим гирифт, то канори бибиаш то лаҳзаи сард шудани баданаш бимонад.
Лаҳазоте баъд ин духтар, ки ба сард нашудани бадани бибиаш машкук шуда буд, аз ёрии таъҷилӣ дархост кард, то ӯро муоина кунад ва пизишк пас аз муоинаи ин зан, мутаваҷҷеҳ шуд, ки ӯ ҳануз намурда ва зиндааст.
Хониводаи Бой фаврӣ ӯро ба бемористон мунтақил карданд, аммо ин зан дар масири бемористон даргузашт.
Бештар бихонед: