Июл 20, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳаким : Мавзеи давлати Шветсия дар қиболи фарди ҳатток(беэҳтироммикунанда) ба Қуръон мояи таъаҷҷуб аст

Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ дар вокуниш ба иқдоми полиси Шветсия дар судӯри дубораи муҷаввиз барои ба оташ кашидан Қуръон дар муқобили сафорати Ироқ дар Стокголм гуфт : Мавзеи давлати Шветсия дар муқобили фарди ҳатток ба Қуръон мояи таъаҷҷуб аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Аммори Ҳаким-раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ дар баёнияе эълом кард : Судӯри муҷаввизи полиси Шветсия ба Момика барои сӯзондани дубораи Қуръони Карим ба маънои шикастани ҳурмати дини Ислом ва ҳамчунин иҳонат ба муқаддасоти мусулмонон аст.
Ҳаким афзуд : Момика ҳамчунин иҷоза ёфта, ки парчами Ироқро ҳам дар баробари сафорати Ироқ дар Стокголм ба оташ бикашад.
Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ аз мақомоти Шветсия хост, ки монеъи ин гуна рафторҳо, ки хилофи қавонини байналмиллалӣ дар бораи иҳонат ба боварҳои адёну мазоҳиб ва қавмиятҳост, шаванд.
Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ ҳамчунин дар мавриди талошҳои бархе гуруҳҳои ифротгаро,ки муғризона дар паи нафратпароканӣ миёни миллатҳои ҷаҳон ҳастанд, ҳушдор дод ва аз ҷомеъаи байналмиллалӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ ба хусӯс Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ хост, ки бо ин бардошти ғалат аз озодӣ бархурд кунанд.

 

 

Барчасп