Июн 12, 2024 18:54 Asia/Dushanbe
  • Пас аз чанд сол дурӯғпардозӣ алайҳи Эрон, ширкати ҳавопаймоии Украина гунаҳкори сарнагунии ҳавопаймо муаррифӣ шуд

Саранҷом додгоҳи Канада раъй дод, ки ҳавопаймоии байналмилалии Украина(uia) гунаҳкори сарнагунии ҳавопаймо украинӣ дар Эрон дар январи 2020 ва масъули пардохти ғаромат(товон) аст.

Додгоҳи канадаии таҳқиқкунанда дар бораи сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Эрон ҳукми худро содир кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эрон 8 январи 2020 дар посух ба ҳамлаи ҳавоии Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор,ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи мубориза бо терроризм дар ғарби Осиё ва ҳамроҳони вай наздики фурудгоҳи байналмилалии Бағдод, ба пойгоҳи ҳавоии Айнуласад, ки мақари неруҳои амрикоӣ дар Ироқ аст, 15 мушак шиллик кард.

Замоне, ки танишҳои низомии Амрико ва Эрон ба суръат дар ҳоли афзоиш буд, як ҳавопаймои Боинг 737 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина бо шумораи парвози 752 бо 167 мусофир ва 9 хадамаи парвоз, 8 январи 2020 аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ(ра) Теҳрон ба мақсади Киев парвоз кард, ки 6 дақиқа баъд ба далели шиллики ғайрибарқасдонаи падофанди ҳавоӣ наздики Сабошҳр, дар устони Теҳрон сарнагун шуд ва сарнишинони он ҷон бохтанд.

 Додгоҳи олии Онтариои Канада, ширкати ҳавопаймоии Украинаро ба далели саҳлангорӣ дар таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои амниятӣ ва эминии мусофирон, масъули пардохти ғаромати комил ба хонаводаҳои сониҳаи парвози ps752 ташхис дод ва эълом кард:

 Ширкати ҳавопаймоии Украина бояд дар назар мегирифт, ки Теҳрон тибқи қоъидаи низомӣ ва дифоъӣ дар омодабоши посухи эҳтимолии Амрико дар он рӯз аст ва аз ин рӯ ҳар парвоз дар маҳдудаи даргирии низомӣ, метавонад як ҳадаф ё талаи низомӣ тафсир шавад.

 Бар асоси ин ҳукм, намояндагони ширкати ҳавопаймоии Украина наметавонанд ҷуброни хисорат ба хонаводаҳоро бо маблағи аввалияи мавриди назари худ, ки 180 ҳазор доллар барои ҳар қурбонӣ буд, маҳдуд кунанд. Додгоҳ ҳукм кард, ки хисорати комил бояд ба хонаводаҳои мусофироне, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд, пардохт шавад.

Қозӣ дар раъйи худ эълом кард, саҳлангории ҳавопаймоии байналмилали Украина(uia) вобаста аз ин воқеият аст, ки Эрон, сооти пеш аз азимати парвози 752, ҳамалоти мушакиро алайҳи неруҳои Амрико дар Ироқ анҷом дода буд ва дар ҳолати омодабош барои муқобила бо ҳамлаи мутақобил қарор дошт. Ин ҳукм пас аз як муҳокимаи 18 рӯза дар Торенто,ки дар январи 2024 ба поён расид, содир шуд.

 

Барчасп