Суди 360 миллиондолларии Амрико аз ихтилофафканӣ миёни Чину Тайван
(last modified Thu, 20 Jun 2024 05:52:21 GMT )
Июн 20, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофафканӣ миёни Чин ва Тайван
    Ихтилофафканӣ миёни Чин ва Тайван

Порстудей. Ожонси ҳамкории амниятии дифоии Пентагони Амрико аз фурӯши паҳподу мушак ба Тайван ба маблағи 360 миллион доллар хабар дод.

Мақомҳои Пекин борҳо дар хусуси ҳар гуна иқдомоти таҳрикомези кишварҳои хориҷӣ, хусусан Амрико дар тарғиби Тайван ба ҷудоӣ аз Чин ҳушдор додаанд.

Ба гузориши “Порстудей” ба нақл аз хабаргузории “Рейтерс”, Ожонси ҳамкории амниятии дифоии Пентагон дар баёнияе муддаӣ шуд, ин фурӯш, ки ба арзиши 360 миллион доллар аст, ба беҳбуди амнияти Тайван ва ба ҳифзи суботи сиёсӣ, таодули низомӣ ва пешрафти иқтисодӣ дар минтақа кумак мекунад.

Ин фурӯш шомили 300 қитъа муҳиммоти саргардон ё парсазани зиддинафар ва зиддизиреҳ ва таҷҳизоти муртабит бо ҳазинаи тахминии 60. 2 миллион доллар ва паҳподҳои ALTIUS 600 M – V ва таҷҳизоти муртабит бо ҳазинаи тахминии 300 миллион доллар аст.

Вазорати дифои Тайван аз Амрико бобати талошҳояш барои афзоиши фурӯши силоҳ ба ҷазираи қадрдонӣ кард ва ин дар ҳоле аст, ки борҳо бобати таъхир дар ирсолҳо шикоят дошт.

Гуфтанӣ аст, Пекин Тайванро бахше ҷудоинопазир аз Чини воҳид медонад, аммо Амрико тибқи қонуни худ муваззаф аст ба Тайван абзоре барои дифоъ бидиҳад, ки ин масъала хашми Пекинро дар пай дорад.