10 рӯзи таътили умумӣ дар Русия барои муқобила бо корона
Вазири тандурустии Русия эълом кард, ки барои муқобила бо ҳамагирии корона дар ин кишвар 10 рӯз таътили умумӣ эълом шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Морашко дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Россия 1 дар бораи хатари густариши вируси корона дар ин кишвар ҳушдор дод ва гуфт : « Беш аз 300 ҳазор бемори коронаӣ дар Русия таҳти муроқибатҳои дармонӣ ҳастанд . »
Вазири тандурустии Русия афзуд : « Барои муқобила бо ин раванд тасмим гирифта шуд, то дар кишвар таътили умумӣ ва рӯзҳои ғайрикорӣ эълом шавад . »
Ба дастури Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия аз аввал то нуҳуми май, ки ба унвони рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Русия ҷашн гирифта мешавад, таътили умумӣ эълом шудааст.
Тибқи ин гузориш то кунун беш аз 9 миллион нафар дар Русияи ду дозаи ваксинаи корона задаанд ва шумори афроде, ки як дозаи ваксинаи корона задаанд низ ҳудуди 13 миллион нафар аст .
Дар Русия то кунун 110 ҳазору 862 нафар бар асари бемории Ковид 19 ҷон бохтаанд .
Бештар бихонед :