Май 04, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Фаъоли сиёсии мусулмони Русия: озодии Қудс бояд авлавияти кишварҳои исломӣ бошад

Фаъоли сиёсии мусулмонон Русия гуфт, Қудс ва масъалаи Фаластин барои мусулмонони ҷаҳон, аҳаммияти асосӣ дорад ва бояд дар авлавияти мавзуоти дастури кори кишварҳои исломӣ қарор гирад.

Элмир Ашӯров, фаъоли сиёсии мусулмонони Русия ва узви Ҷамъияти дифо аз ҳуқуқи Фаластин рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА эълом кард, Қудси шариф фақат бо ҳамбастагии миллатҳои исломӣ, озод мешавад ва уммати ҷаҳонии исломӣ дар ин маврид бо пайравӣ аз раҳнамӯдҳои ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ вазифаи муҳиммеро бар ӯҳда дорад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Дар рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф, хашму инзиҷори худро нисбат ба ҷиноёти режими ишғолгари Қудс ва саҳюнистҳо иброз ва ҳимояти қотеъи худро аз мардуми мазлӯми Фаластин эълом мекунанд ва фарёди адолатхоҳӣ ва озодии Қудси шариф сар медиҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп