Май 04, 2021 17:45 Asia/Dushanbe
  • Чаҳорҳазор гектар аз ҷангалҳои Русия дучори оташсӯзӣ шуд

Идораи Хадамоти ҷангалдории минтақаии Русия эълом кард, ҳудӯди чаҳор ҳазору 200 гектар аз ҷангалҳои ин кишвар дучори оташсӯзӣ шуда, ки ҳамакнӯн воҳидҳои оташнишонӣ дар талош барои маҳори ин оташсӯзӣ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, воҳиди матбуотии ҷангалбонии минтақаии Русия эълом кард, оташсӯзӣ дар сатҳи чаҳорҳазору 200 гектар рух дод, ки бо хомӯш шудани ҳазору 200 гектар то ибтидои бомдоди имрӯз сешанбе, доманаи ҳариқ ба се ҳазор гектар коҳиш ёфтааст.

Бузургтарин оташсӯзиҳо дар минтақаи Тюмен дар масоҳати ҳудӯди се ҳазор гектар гузориш шуд ва бурӯзи оташсӯзиҳои бузург дар манотиқи Хабаровск ва Алтай дар манотиқи Саратов, Свердловск ва Томск ва ҳамчунин дар Бошқирдистон низ эълом шудааст.  

Сатҳи бисёр паҳноваре аз ҷангалҳои Сибир ба мизони се миллион гектар дар шимоли Русия тайи ду соли гузашта дар оташ сӯхт.

Русия аз назари вусъат бузургтарин кишвари ҷаҳон аст. Бурӯзи оташсӯзӣ дар манотиқи паҳновари ҷангалӣ ва васеъи холӣ аз саканаи Сибир мавзӯ ҷадиде нест, аммо хушкӣ ва гармои шадиди ҳаво дар солҳои ахир ва вазидани бодҳои шадид ба ин оташсӯзиҳо доман задааст.

 

Барчасп