Май 05, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон : Вобаста донистани ислом бо терроризм ноодилона аст
    Имрон Хон : Вобаста донистани ислом бо терроризм ноодилона аст

Нахуствазири Покистон зимни даъвати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба « муборизаи қотеъона бо исломҳаросӣ » ، таъкид кард : Вобаста донистани ислом бо терроризм ноодилона аст.

Имрон Хон дар дидор бо сафирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Исломобод, ин кишварҳоро ба муборизаи пайдарпау қотеъона бо исломҳаросӣ даъват кард . 

Нахуствазири Покистон дар ин хусӯс гуфт : Иборатҳои тавҳиномез алайҳи паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад ( с ) 1.5 миллиард мусулмонро мутаассир карда ва кишварҳои исломӣ наметавонвнд ҷаҳони Ғарбро мутақоъид кунанд ,ки ин як масаълаи марбут ба озодии баён нест .

Вай ҳамчунин Созмони ҳамкории исломиро ба ҳамкорӣ барои дарки ҷомеъаи байналмиллалӣ аз муҳаббату эҳтироми амиқи мусулмонон нисбат ба ҳазрати Муҳаммад ( с ) ва Қуръони карим даъват кард .

  Суханони нахуствазири Покистон дар бораи зарурати муқобила бо исломҳаросӣ дар нишасти сафирони кишварҳои исломӣ дар Исломобод бо вай, аз як зарурати бузург барои кишварҳои исломӣ ҳикоят дорад, ки сустӣ дар баробари он метавонад муҷиби шиддатёбии шайтанатҳои душманони ислом дар ин замина шавад .

Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ дар чорчуби сиёсатҳои фирибкорона дар беш аз як даҳаи гузашта бо тарвиҷи исломҳаросӣ дар паи он ҳастанд барномаҳои худро барои таҳти фишор қарор додани кишварҳои исломӣ ба пеш бибаранд, ки ин масаъла мӯҷиби шаклгирии бархе мулоҳизоти манфӣ ба мусулмонон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон шудааст .

Изҳороти Имрон Хон дар заминаи муборизаи пайгиронаву қотеъонаи кишварҳои исломӣ бо барномаи исломҳаросии Ғарб ба ду рӯйкарди асосии душманони ислом вобаста аст .

Нахусти онкӣ бо нисбат додани тероризм ба мусулмонон, чеҳраи хашин аз ислом муаррифӣ кунанд ва аз ин тариқ ҳамлаҳо ва мудохилоти низомӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба хусӯс алайҳи кишварҳои исломиро асоснок кунанд .

Дувум инки бо пайванд додани байни тероризму хушунат ба мусулмонон, зимни эҷоди замина барои маҳрум кардани онон аз ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои ғарбӣ ,сиёсати тарду инзивои мусулмонон дар ҷомеъаҳои ғайримусулмонро ба пеш бибаранд .

  Масъӯди Шаҷара-раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари исломӣ дар Британия мегуяд: Исломҳаросӣ бахше аз воқеъияти нигаронкунанда дар Ғарб аст, расонаҳо ва сиёсатмадорон омили афзоиши исломҳаросӣ ҳастанд . Онҳо исломҳаросиро дастмояи худ қарор дода ва қонунҳои зиддитеррористиро ба ислому мусулмонон гиреҳ мезананд, то исломҳаросиро қонунӣ созанд ва фарҳанги онро ниҳодина кунанд .

Сиёсати исломҳаросонаи ғарбиҳо илова бар муҷоз намудани эҷоди маҳрумиятҳо алайҳи онон дар кишварҳои ғарбӣ, муҷиб шуда то мусулмонон дар ин кишварҳо бо хушунатҳои гурӯҳҳои ифротӣ низ рӯбарӯ бошанд .

Бахше аз сиёсати исломситезӣ дар солҳои ахир аз тариқи тавҳин ба муқаддасоти мусулмонон дунбол шудааст, ки интишори карикатураҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари гиромии ислом  дар октябри 2020 дар Фаронса намунае аз ин гуна иқдомот аст, ки бар хилофи асли эҳтиром ба динҳо ва муҳтарам шумурдани ақоиди динӣ ва мазҳабии пайравони онон маҳсуб мешавад .

Ҷолиби инки пас аз интишори карикатураҳои тавҳиномез алайҳи Паёмбари ислом ( с ) дар Фаронса, Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳури ин кишвар дар суханони бешармона гуфт: Интишор ин гунаи карикатураҳо идома хоҳад ёфт, мавзӯъе ки бо вокуниши тунди мусулмонон дар саросари ҷаҳон рубару шуд .

Интиқоди Русия аз интишори карикатураи таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с)

   Дар шароите ки ғарбиҳо исломситезиро ҳамчунон дар дастури кор доранд интизор меравад Созмони ҳамкории исломӣ ба унвони ниҳоди ҳамоҳангкунанда байни кишварҳои исломӣ  созукори  усулӣ ва корбурдӣ барои муқобилаи муассир бо исломҳаросӣ пайдо кунад ки яке аз онон метавонад таҳрими колои кишварҳое бошад ки мураввиҷи ин сиёсат ҳастанд . Бознигарӣ дар сатҳу мизони равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои ҳомии сиёсати исломситезӣ низ метавонад дигар роҳкор дар ин замина бошад ки ниёзманди тақвияти инсиҷоми байни кишварҳои исломӣ дар ин арса аст .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп