Октябр 24, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Туркия ба ҳамкории иттилоотӣ алайҳи тероризм пайваст

Муовини аввали Камиссиюни амният ва дифои Шӯрои федератсияи Русия аз тавофуқи Маскав ва Анкара, барои табодули иттилоот дар заминаи мубориза бо тероризм хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Франс Клинсевич-муовини аввали Камиссиюни амният ва дифои Шӯрои федератсияи Русия, рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо рузномаи русии Известия, гуфт, Туркия ба Паймони табодули иттилооти таҷассусӣ дар бораи террористҳо миёни Русия, Сурия, Ироқ ва Эрон пайваста аст .

Вай афзуд, Русия иттилооти марбут ба шунудҳо, радёбии иртиботӣ ва таҷассусии аҳдофи мавриди назарро дар ихтиёри Туркия ва Туркия низ иттилооти таҷассусиро дар ихтиёри Русия қарор медиҳад, зеро Анкара созмонҳои иттилоотии қудратманде дорад ва шабакае аз авомили Туркия дар Сурия фаъол ҳастанд.

Ба гуфтаи Франс Клинсевич, ин тавофуқ дар ҳошияи сафари ахири Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Туркия ҳосил шуд.

 

 

Барчасп