Май 09, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Қисме аз шикастапораҳои мушаки Чин ба уқёнуси Ҳинд дар ғарби Молдив фуруд омадааст
    Қисме аз шикастапораҳои мушаки Чин ба уқёнуси Ҳинд дар ғарби Молдив фуруд омадааст

Пас аз таркиши як мушаки моҳвораӣ дар Чин дар 29 апрел, тафтишот нишон медиҳад, ки як қисми шикастапораҳои мушак ба Осиёи Марказӣ афтодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Си Эн Эн, артиши Амрико эълом кард: қисми шикастапораҳои мушаки чинӣ ба номи Лонг март  5 ҳомили бахше аз як истгоҳи фазоӣ бояд дар Туркманистон суқут карда бошад. 

Ба гузориши Си Эн Эн, шикастапораҳои мушак эҳтимолан дар соатҳои аввали субҳи рӯзи якшанбе (ба вақти маҳаллӣ) афтидааст, аммо мушкил дар он аст, ки маҳалли фуруди он на  баҳр, балки хушкӣ аст.

Қаблан хабар дода мешуд, ки як қисми шикастапораҳои мушаки Чин ба уқёнуси Ҳинд дар ғарби Молдив фуруд омадааст.

Мушаки Long March B5-и Чин 29 апрел пас аз парвоз аз ҷазираи Ҳаниёни Чин мунфаҷир шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп