Май 09, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Попи Рум Франсис: Хушунат, хушунат ба бор меоварад
    Попи Рум Франсис: Хушунат, хушунат ба бор меоварад

Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, рӯзи якшанбе аз ҳарду ҷониб дар муноқишаи Байтулмуқаддас даъват кард, ки ҳуввияти фарҳангии ин шаҳрро гиромӣ доранд ва хостори хатми хушунат дар Байтулмуқаддас шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, поп дар гирдиҳамоии зоирони масеҳии католик дар майдони Сан Питери шаҳр Рум гуфт: хушунат, хушунат ба бор меоварад. 

Маъмурони амниятии режими саҳюнистӣ шаби шанбе  ҳамзамон бо ҳузури даҳҳо ҳазор намозгузори мусулмон дар Масҷид-ул-Ақсо ба муносибати маросими эҳёи  шаби Қадр, дар ҳамла ба фаластиниён дар беруни бахши шарқии Байтулмуқаддас  садҳо танро захмӣ карданд. 

Ин ҷиноят дар ҳоле рӯй дод, ки беш аз 90 ҳазор фаластинӣ бо вуҷуди иқдомоти шадиди ишғолгарон ва ҷилавгирии онҳо аз расидани шумори зиёде аз намозгузорон ба масҷиди ал-Ақсо  маросими шаби мубораки Қадрро дар ин масҷид эҳё карданд. 

Баъзе минтақаҳои соҳили ғарбии Урдун ва шаҳри ишғолшудаи Байтулмуқаддас аз аввали моҳи мубораки Рамазон шоҳиди ҳамлаи нерӯҳои режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон ба шаҳрвандони Фаластин будааст.

Ҳилоли аҳмари Фаластин дирӯз дар баёнияе эълом кард, ки дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба фаластиниён дар атрофи Масҷид-ул-Алақсо ва манотиқи атрофи он дастикам  205 нафар маҷрӯҳ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп