Май 09, 2021 19:47 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин танҳо раисони ҷумҳурии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд буданд, ки дар ин маросим ширкат карданд.
    Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин танҳо раисони ҷумҳурии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд буданд, ки дар ин маросим ширкат карданд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маскав сафар кардааст аз паради низомӣ ба муносибати 76-умин солгарди пирӯзии артиши шӯравӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин танҳо раисони ҷумҳурии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд буданд, ки дар ин маросим ширкат карданд. 

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвараш  имсоли раёсати давравии Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда дорад барои ҳузур дар ин маросим даъват шудааст.

Раҳмон ва Путин дар ин маросим дар посух ба пурсиши яке аз пешкисватони ҶангиДувуми Ҷаҳонӣ дар бораи кайфияти ин паради низомӣ ин маросимро олӣ арзёбӣ карданд.

 Раиси ҷумҳурии Русияи ҳам дар маросими режаи « рӯзи пирӯзӣ » дар Майдони сурхи Маскав гуфт: Мо маҳкаму қотеъ аз манофеъи худ дар баробари душманон дифо мекунем. 
  
  

Владимир Путин  пирӯзии Шуравии собиқ дар ҷанг  алайҳи натсизмро як пирӯзии бисёр  бузург ва торихӣ барои сарнавишти ҷаҳон ва башарият донист ва афзуд: Имрӯз низ бархе қудратҳо талош мекунанд бо ҳамон идеология ва тафаккури натсизм, нақшаҳои таҷовузкоронаи худро дар ҷаҳон пиёда кунанд. 
   

Вай бо қадрдонӣ аз ҷонфишонии мудофеъони Русия гуфт: Ин ҷашни муқаддас аст, зеро мардуми мо дар баробари душмани бераҳм аз сарзамин ва  меҳани худ дифо карданд. 

Мақомоти Вазорати дифои Русия эълом карданд, ки дар ин маросим  12 ҳазор афсар ва сарбоз, 200 танк ва таҷҳизоти зиреҳӣ ва 78  ҷанганда ва  чархболи низомӣ ширкат карда буданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп