Май 10, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Толибон бо оташбаси дар се рӯзи иди Фитр мувофиқат кардааст
    Толибон бо оташбаси дар се рӯзи иди Фитр мувофиқат кардааст

Толибони се рӯз оташбас дар Афғонистон эълом кард.

Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар бомдоди душанбе эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд.

Толибон дар ҳоле оташбаси серӯза эълом кард, ки ин гурӯҳ дар моҳи Рамазон ба рағми дархостҳои давлати Афғонистон барои барқарории оташбас, ҷангу ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишварро шиддат додааст.

Бар асоси омори Вазорати кишвари Афғонистон, дастикам 100 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти як моҳи ахири Толибон кушта шудаанд.

Давлати Афғонистон ҳамчунин Толибонро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 63 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп