Май 15, 2021 09:11 Asia/Dushanbe
  • Афзун бар Амрико, давлати Маскав, ҷумҳурии Чехияро низ дар ин феҳрист қарор додааст
    Афзун бар Амрико, давлати Маскав, ҷумҳурии Чехияро низ дар ин феҳрист қарор додааст

Давлати Русия рӯзи ҷумъа расман Амрикоро дар феҳристи мавсум ба «кишварҳои ғайридӯст»-и ин кишвар қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, афзун бар Амрико, давлати Маскав, ҷумҳурии Чехияро низ дар ин феҳрист қарор додааст.

Дастуруламали марбут ба қарор гирифтани номи кишварҳои Амрико ва ҷумҳурии Чехия дар феҳристи «кишварҳои ғайридӯст» рӯзи ҷумъа дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия қарор гирифтааст, ки бар асоси он, ҷумҳурии Чехия муҷоз ба истихдоми ҳаддиаксари 19 шаҳрванди рус барои кор дар сафорати кишвараш хоҳад буд, вале Иёлоти муттаҳида иҷозаи истихдоми ҳеч шаҳрванди русро барои ин манзур нахоҳад дошт.

Мария Захарова, сухангуи вазорати хориҷаи Русияи пештар эълом карда буд, ки шаклгирии ин феҳрист бар асоси фармони ахири Владимир Путин оғоз шудааст.

Захарова таъкид кард, ин фармони раисиҷумҳури Русия, иқдоме талофиҷӯёна дар муқобили душмании дигар кишварҳост.

Путин чанде пеш фармонеро имзо кард, ки ба муҷиби он, давлати Русия муваззаф мешавад ба иқдомоти ғайридӯстонаи бархе кишварҳои ғарбӣ посух диҳад.

Бар асоси ин фармон, маъмуриятҳои дипломатӣ, ниҳодҳои консулӣ ва дафотири ниҳодҳои давлатии дигар кишварҳо, ки рафтори ғайридӯстонае бо Русия, афроди дорои тобеияти русӣ ва ниҳодҳои қонунии ин кишвар дошта бошанд, аз назари ба кор гирифтани кормандони рус бо маҳдудият ё мамнуъият мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Бо ин ҳол, афроди дорои тобеияти ин кишварҳо, барои вуруд ба Русия ва анҷоми маъмуриятҳои дипломотӣ маҳдудияте нахоҳанд дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп