Шиддат гирифтани танишҳо дар марзҳои Боку ва Ереван
Дар шароите, ки вазъияти марзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба самти бад пеш меравад, бархе расонаҳои наздик ба давлати Илҳом Алиев дар Боку аз ақибнишинии нерӯҳои озарӣ аз қаламрави Арманистон хабар доданд.
Рӯзномаи "Йени Мусовот"-и чопи Боку дар шумораи ахир ба нақл аз манобее, ки аз музокироти сеҷонибаи ҷорӣ миёни Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба "Муассисаи таҳқиқоти низомии Хазар " хабар мерасонанд, аз тавофуқи ғайримунтазираи Боку ва Ереван хабар додааст.
Ба навиштаи ин рӯзномаи чопи Боку, тавофуқ шудааст, ки нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки сеюним километр дар минтақаи "Қорагул " пешравӣ карда буданд, ду километр ақибнишинӣ кунанд.
Дар муқобили ин итилоърасониҳои расонаҳои озарӣ, Вазорати дифои Арманистон низ бо интишори баёнияе дар бораи таҳаррукоти нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзҳои мавриди муноқиша ҳушдор дод.
Дар баёнияи Вазорати дифои Арманистон омадааст: Танишҳо дар устонҳои "Сюник " Syunik ва " Гиқокуник " дар марз миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон идома дорад ва нерӯҳои тарафи муқобил аз хоки Арманистон хориҷ намешаванд.
Ин мавзеъгириҳои мутаноқиз нишон медиҳад, ки ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳамчунони даргири муноқишаи Қорабоғ ҳастанд. Дар ҳақиқат, ба рағми имзои тавофуқномаи сулҳ, танишҳои тарафайни муноқишаи Қорабоғ ҳамчунон идома дорад. Ба ҳамин далел аст ки раиси ҷиноҳи мавсум ба "Ислоҳталабони ҳизби ҷибҳаи халқи ҷумҳурии Озарбойҷон "Алӣ Каримли", таъкиди ахири раисҷумҳури ин кишвар Илҳом Алиев бар " поён ёфтани муноқишаи Қорабоғ"-ро беҳуда ва " худфиребӣ " донист.
Алии Каримли, ки аз ҷумлаи соҳибназарони барҷастаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ маҳсуб мешавад, дар гуфтугӯ бо канали Ютюб "Соати Озарбойҷон" , эълом кард: "Баёни ин ки муноқишаи Қарабоғ поён ёфтааст, ҳарф сафсата аст. Иллати бурузи муноқишаи Қарабоғ, талоши арманиҳои Қарабоғи кӯҳистонӣ барои ҷудоӣ аз ҷумҳурии Озарбойҷон буд, ки ба иллати мухолифати ҷумҳурии Озарбойҷон ин муноқиша оғоз шуд ва даҳҳо ҳазор кушта ва беш аз як миллион нафар низ овора шуданд. Зеро, мо ба ташкили давлати мавриди назари арманиҳои Қорабоғ ва ҷудоиашон аз ҷумҳурии Озарбойҷон ризоят надодем".
Дар воқеъ, изҳори назарҳо миёни сиёсатмадорони Боку ва Ереван ҳамагӣ нишон медиҳад, ки муноқишаи Қорабоғ ҳамчунон тадовум дорад ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон токунун натавонистаанд бо миёнаравии Русия ба ин муноқишаи тӯлонимуддат хотима диҳанд. Фиқдони ҳузури кишварҳои минтақа, бавижа Эрон дар раванди поён додан ба муноқишаи Қорабоғ аз ҷумлаи далоили ибҳомҳои мавҷуд барои поён додан ба муноқишаи тӯлонимуддати арзии Боку ва Ереван ва бурузи ихтилофҳои феълӣ миёни тарафайни муноқиша будааст.
Илова бар ихтилофҳои мавҷуд, дар пайи нуфузи низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон ба арозии Арманистон, " Никол Пашинян" сарпарасти нахуствазири Арманистон зимни дархости кумак аз Русия, аз Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дархост кард ба муноқишаи Боку ва Ереван вуруд кунад. Бадеҳист, ки тарҳи ин дархост метавонад кори ҷумҳурии Озарбойҷонро дар оянда бисёр сахт кунад ва ибтикори амали ҳарчӣ бештаре ба Русия дар раванди поён додан ба муноқишаи Қорабоғ вогузор намояд.
Бештар бихонед: