Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо Поп Франсиск +филм
(last modified Tue, 18 May 2021 11:22:16 GMT )
Май 18, 2021 16:22 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Ватикан бо Попи Рум Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон дидор кард.

Хабарнигори “Nationalи Catholicи Register” дар паёме навишт, ки Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин дидори хусӯсӣ бо Поп Франсиск дар бораи буҳрони Ховари Миёна гуфтугӯ кардааст.

Хабарнигори дигаре ҳам дар паёме эълом кард, ки Зариф дар дидор бо Поп Франсиск шароити сахти мардуми мусулмон, масеҳӣ ва яҳудии Фаластинро шарҳ дод ва аз мавзеъгириҳои вай дар ин замина ташаккур кард.

Дар ин дидор мавзуоти муҳимме чун дидгоҳи муштараки адёни илоҳӣ дар заминаи мабонии ахлоқӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳимоят аз конӯни хонавода мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифт.

Бештар бихонед: