Май 19, 2021 13:10 Asia/Dushanbe

Даҳҳо нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин дар муқобили консулгарии ин режим дар Ню-Йорк даст ба тазоҳурот заданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон, дар пайи фарохон дар шабакаҳои маҷозӣ барои баргузории таҷаммӯъ дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин, садҳо нафар аз мардуми Ню-Йорки Амрико бо дар даст  доштани аксҳое аз Раҳбари Инқилоби Исломӣ Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳазрат  Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва   дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар муқобили консулгарии режими саҳюнистӣ дар ин шаҳр таҷаммӯъ карданд ва дар эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ шиор сар доданд.

Дар шаҳри Детройт, Мичиган, Амрико, ҳазорон нафар ба нишони эътироз алайҳи режими саҳюнистӣ дар Ғазза раҳпаймоӣ карданд ва изҳори пуштибонӣ аз мардуми Фаластин карданд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза дар 10 рӯзи ахир  242 фаластинӣ шаҳид ва 4 ҳазору 355 нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп