Май 20, 2021 11:25 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон гуфт, ки қарори Ассотсиатсияи футболи Аврупо дар бораи баргузории финали Лигаи Чемпионҳо дар Истамбул сиёсӣ аст
    Эрдуғон гуфт, ки қарори Ассотсиатсияи футболи Аврупо дар бораи баргузории финали Лигаи Чемпионҳо дар Истамбул сиёсӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Туркия тасмими Ассотсиатсияи футболи Аврупо (UEFA) дар бораи тағир додани мизбонии Истамбул дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупоро сиёсӣ номид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Раҷаб  Тайиб Эрдуғон дар суханонӣ гуфт: «Чанд сол пеш ба Туркия иблоғ шуд, бозии ниҳоӣ дар Туркия баргузор мешавад, аммо вақте ду тими англисӣ ( Манчестер  ситӣ ва Челсӣ ) ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд авзоъ иваз шуд.»

 

Эрдуғон  афзуд: «Нахуствазири Англис омили фишор бар Юно барои тағйири мизбонии Истанбул будааст.»  

Ассотсиатсияи футболи Аврупо (UEFA) ахиран эълом кард ба далели шароити шуюъи корона дар Туркия  мизбонии бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо бояд ба ҷои  Истанбул дар шаҳри Портои Португалия баргузор шавад.

 

Бештар бихонед: