Таъини ҷоиза барои ёфтани шаҳрванди нопадидшудаи амрикоӣ дар Афғонистон
Амрико барои ёфтани шаҳрванди худ дар Афғонистон 5 миллион доллар ҷоиза таъин кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: Ба иттилооте ки мунҷар ба ёфтани Сидней Мизел бо унвони имдодгари нопадидшуда дар Афғонистон шавад, 5 миллион доллар ҷоиза пардохт хоҳад кард .
Бахши амнияти дипломатии вазорати умури хориҷаи Амрико дар вебсайти худ эълом кард, ки ин подош аз тариқи дафтари подоши адолати вазорати хориҷаи Амрико барои ёфтани Мизел пардохт хоҳад шуд .
Мизел-корманди созмони ғайридавлатии Амрико ба ҳамроҳи ронандаи худ тавассути афроди мусаллаҳи ношинос дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон рабуда шуд . Вай эҳтимолан дар соли 2008 тавассути рабояндагон кушта ва дар атрофи Қандаҳор ба хок супурда шуда бошад .
Вай дар замони нопадид шудан дар донишгоҳи Қандаҳор забони англисӣ ва гулдӯзӣ ба духтарон тадрис мекард ва ба занони афғон кумак мекард то бо корофаринӣ даромадзоӣ кунанд .
Вай се сол дар Қандаҳор зиндагӣ карда буд ва ба забони паштун равон суҳбат мекард .
Бештар бихонед :
-
Хашми мардуми Афғонистон аз номаи таҳдидомези Амрико ба Ашраф Ғанӣ
-
Иддаои вазири хориҷаи Амрико ба хуруҷи низомиёнаш аз Афғонистон