Шӯрои Амният ирсоли кумакҳои фаврӣ ба навори Ғаззаро хостор шуд
(last modified Sun, 23 May 2021 04:09:43 GMT )
Май 23, 2021 09:09 Asia/Dushanbe
  • Масъӯлони фаластинӣ ҳануз ба ин баёнияи Шӯрои Амният вокуниш нишон надодаанд
    Масъӯлони фаластинӣ ҳануз ба ин баёнияи Шӯрои Амният вокуниш нишон надодаанд

Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дар аввалин баёния баъд аз даргириҳои режими саҳюнистӣ бо гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, зимни таъкид бар зарурати иҷрои комили оташбас, кумакҳои фаврии башардӯстона ба навори Ғаззаро хостор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса,Шӯрои Амният шомгоҳи шанбе баъд аз ҳудуди ду ҳафта сангандозӣ аз суи Амрико билохира хостори ирсоли кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба миллати Фаластин, махсусан сокинони Ғазза шуд .

Амрико албата ба шарте розӣ ба ҳимоят аз ин баёния шуд, ки параграфи марбут ба маҳкум кардани хушунатҳо ва ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, бардошта шуд .

Вазорати умӯри хориҷаи режими саҳюнистӣ низ дар вокуниш ба ин баёния, зимни ҳимоят аз пуштибониҳои Амрико аз ҳамлаҳои ин режим ба навори Ғазза ,аз ин ки Шӯрои Амният амалиётҳои ракетии гурӯҳҳои муқовимати фаластиниро маҳкум накард, ба шиддат ибрози норизоятӣ кард .

Шомгоҳи шанбе ҳамчунин Бенни Гантс - вазири ҷанги режими кӯдаккуши Исроил бо таҳдиди сарони ҷумбиши муқовимати Ҳамос ба террор, муддаӣ шуд, ки эҳтимоли ишғоли  дубораи навори Ғазза дар оянда вуҷуд дорад .

Бар асоси ин гузориш масъӯлони фаластинӣ ҳануз ба ин баёнияи Шӯрои Амният вокуниш нишон надодаанд.

  Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ ва руди Урдун ва борикаи Ғазза аз рӯзи 10 май оғоз шуд ва рӯзи 21 май дар пайи дархости оташбас аз сӯи кабинаи режими саҳюнистӣ ба далели нотавонии артиши ин режими ишғолгар дар муқобила бо нерӯҳои муқовимати Фаластин бо миёнҷигарии бархе бозигарони хориҷӣ ва мувофиқати муқовимат ба поён расид .

Дар асари ин ҳамлаҳо 248 фаластинӣ, аз ҷумла 69 кӯдак, 39 зан ва 17 солхурда ба шаҳодат расида ва 1910 нафар низ захмӣ шуданд .

 

  Бештар бихонед :