Кобулов: Ҳеч пойгоҳи амрикоӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон мустақарр намешавад
(last modified Mon, 24 May 2021 13:24:20 GMT )
Май 24, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Кобулов: Масъулини Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъкид карданд, ки ин кор ғайримумкин аст
    Кобулов: Масъулини Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъкид карданд, ки ин кор ғайримумкин аст

Намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт: Ҳеч пойгоҳи низомии амрикоӣ дар хоки Тоҷикистон ва Узбекистон мустақарр нахоҳад шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Замир Кобулов» намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон бо ишора ба гузориши нашрияи амрикоӣ «Волстирит журнол» дар мавриди алоқамандии «Вашингтон» барои истиқрори нерӯҳои худ дар Тоҷикистон ва Узбекистон изофа кард: Тамосҳои тарафи Русия бо шуракоии тоҷик ва узбеки худ нишон медиҳад то кунун ҳеч дархости расмӣ аз сӯи  Иёлоти Муттаҳида дар мавриди эҷоди пойгоҳҳои низомӣ дар хоки ин кишварҳо сурат нагирифтааст ва мақомоти Узбекистон ва Тоҷикистон низ таъкид кардаанд, ки ин кор ғайримумкин аст, бинобарин лозим нест мо мухолифат кунем. 

 

Ба гуфтаи Кобулов, чунин тасмиме дар мавриди Тоҷикистон ниёзманди таъйиди Созмони Паймони Амният Ҷамъист. 

 

Вай афзуд: Узбекистон низ агарчӣ узви Созмони Паймони Амният Ҷамъӣ нест, аммо санади мушорикати роҳбурдӣ бо Русияро имзо кардааст ва бар асоси қавонини ин кишвар  эҷоди пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар хоки Узбекистон мамнӯъ аст. 

Нашрияи амрикоӣ «Волл  стрит журнол» чанде пеш аз имкони истиқрори нерӯҳои эътилофи Иёлоти Муттаҳида  баъд аз хуруҷ аз Афғонистон дар Осиёи марказӣ ва эҳтимолан дар Тоҷикистон ва Узбекистон хабар дода буд. 

 
Бештар бихонед: