Ваъдаи Путин барои ҳалли ихтилофоти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии Русия дар дидор бо ҳамтои қирғизи худ таъкид кард, ки барои ҳалли ихтилофоти марзи ин кишвар бо Тоҷикистон тамоми талоши худро ба кор хоҳад баст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости, Владимир Путин рӯзи душанбеи 24 май дар дидор бо Садир Ҷабборов ҳамтоии қирғизистониаш дар шаҳри бандарии Сочӣ дар ҷанӯби Русия гуфт, ки авзоъи марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсояро ба диққати таҳти назар дорад.
Вай изофа кард: Мо ин нуктаро дарк мекунем, ки дар ин маврид танҳо баҳси марз матраҳ нест; балки зиндагии теъдоди зиёде аз сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳифзи оромишу амният дар марзи муштараки ду кишвар бастагӣ дорад.
Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард: Зарурат дорад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо парҳез аз хушунату даргирӣ, мушкилотро аз роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл кунанд ва Маскав дар ин замина омодаи кумаки ҳамаҷониба ба Душанбе ва Бишкек аст.
Дар ин дидор ҳамчунин равобити иқтисодӣ ва тиҷории Русия ва Қирғизистон, ҳамкории ду кишвар дар СПАД, Созмони Ҳамкории Шанхай ва иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва авзоъи амниятии минтақа баррасӣ шуд.
Бештар бихонед: