Ҷолибтарин тасвирҳои фаварони оташфишонӣ дар Конго + филм
Май 24, 2021 20:26 Asia/Dushanbe
Пас аз хуруҷи вулқони Нирагонго дар шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго, нақшаи эвакуатсияи шаҳри Гома амалӣ карда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, оташфишони Нирагонго, ки ҳудуди соати 19 : 00 шанбе ба таври ногаҳонӣ фаварон кард, мӯҷиби ҳаросу ваҳшати мардум Гома шудааст.
Бисёр маводи гудохта ва дуди сурх аз вулқони Нирагонго боло мебароянд ва сокинони ба ҳарос афтодаи Гома - бо ду миллион аҳолӣ - ба минтақаҳои бехавф мегурезанд.
Вулқони Нирагонго бори охир соли 2002 тақрибан 10 км дуртар аз Гома фаварон кард, ки дар натиҷа 250 нафар кушта ва 120.000 хонаҳо хароб шуданд.
Бештар бихонед:
Барчасп