Издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (с), зулолтарин пайванди ҳастӣ
Аввалин рӯз аз моҳи зилҳиҷҷа дар тақвими моҳи қамарӣ, солрузи издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (с), зеботарин, зулолтарин, шодтарин пайванди ҳастӣ дар ҷаҳони Ислом аст.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб, дар рӯзи аввали моҳи зилҳиҷҷаи соли дувуми ҳиҷрии қамарӣ, издивоҷи содда, бидуни ташрифот, аммо бо сафо ва самимияти бисёр сурат гирифт, ки таҳсини ҳамагонро барангехт ва усвае барои ояндагон шуд.
Ин пайванди содда ва бериёи издивоҷи ду баргузидаи Худованд, яъне ҳазрати Алӣ (а), писарамаки Паёмбар, бо Фотима (с)-духтари гиромии Паёмбари Ислом буд.
Зебоии ин пайванд чандон таъсиргузор аст, ки ёду номи онро дар таърих барои ҳамеша мондагор сохтааст.
Солгарди издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима (с) иттифоқи азиме аст, ки ба таъбири Имом Хумайнӣ ( ра ) « ишоъаи нури ин хонавода оламро равшан кардааст.»
Аз ин рӯ аввали зилҳиҷҷа, рӯзи мубораке аст, ки бештари завҷҳои мусулмон пайванд худашонро дар ин рӯз рақам мезананд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин рӯзи муборакро рӯзи “Издивоҷ» номгузорӣ кардааст.